КӮШОНИЁН. Дар доираи баргузории амалиёти ҳизбии “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-(боғчаи №1) дидан намуданд.