КӮЛОБ. Дар асоси дастуру супориши муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳор раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Файзизода Мирзоалӣ мудири шуъбаи молияи Дастгоҳи Марказии ҲХДТ, Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зулфиқор Гулаҳмадзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гулрухсор Шарифзода аз маҳаллаҳои аз офати табиӣ осебдидаи шаҳр дидан намуда, бо сокинони маҳаллаҳои мазкур мулоқот доир карданд.
Зимни мулоқот, масъулини ҳизбӣ изҳор доштанд, ки ҳеҷ як хонавода аз мадди назари давлату ҳукумат дур намонда, пайваста зери таваҷҷуҳи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.