КӮЛОБ. Дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ҳусниддин Зардиев ба сокинони аз офати табиӣ заррадида кумаки моддӣ расонида шуд.
Аз ҷониби мавсуф, аз ҷумла 1,5 тонна биринҷ, 2 тонна сабзӣ, 1сар чорвои калон (гов), 200 кг гӯшти мурғ, равған ва 100 литр шир кумак расонида шуда, зикр гардид, ки чунин иқдом минбаъд низ идома ёфта, оилаҳои ниёзманд ва осебдида аз офати табиӣ пайваста дастгирӣ хоҳанд ёфт.