Ш.ШОҲИН. НамояндагониКумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаррифии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои мубрами рўз дар деҳаи Кафтари ноҳия вохўрӣ доир намуданд.























