БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об сарчашмаи ҳаёт аст

Ш.ШОҲИН. НамояндагониКумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муаррифии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  масъалаҳои  мубрами рўз дар деҳаи Кафтари ноҳия  вохўрӣ доир намуданд.

Вохўриро Неъматов Абдулҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   кушода,  доир ба масъалаҳои болозикр  суханронӣ  карда Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устуворро” як қадами бузурги тоҷикон дар шинохти миллат дар арсаи байналмилали унвон кард. Ошимов Абдураҳим мутахассиси шуъбаи ташкили ва бақайдгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани  солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  суханронӣ  намуд.

Баъдан Қурбонова Малоҳат мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада  дар бораи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» суханрони намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg