БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ташаббусгузори корҳои хайру сахо!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Муҳаммад Иқбол чорабинии навбатии ҳизбӣ дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизби муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим вобаста ба самтхои афзалиятноки фаъолияти ХХДТ махсусан дар доираи тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҳамчунин оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфасал суханрони намуд.

Дар фарҷоми чорабини Насим Сабурзода қайд кард, ки Аксияи тарғиботии – амалии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд дар ҳудуди ноҳия идома дорад. Аз ҷониби сокинони саховатпешаи маҳалла дар доираи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 7 нафар сокинони эҳтиёҷманди маҳаллаи Муҳаммад Иқбол кӯмаки модди расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg