ПАНҶ. Дар толори маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии Сино оид ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ - пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шарҳвандон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Нахуст Файзиев Каримҷон ҳозиринро бо самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ шинос намуда, ҳамзамон дар бораи эълон гаштани соли 2019 ҳамчун Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ намуд.
Дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рохандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани соли 2019 ҳамчун Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.
Дар идома сардухтури маркази саломатӣ Ҳандалаев Зафар дар бораи сабабҳои сироят ёфтан ва сарчашмаҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ маълумот дода, оиди роҳҳои пешгирӣ ва роҳҳои табобати онҳоро ба ҳозирин фаҳмонида дод.
Дар рафти хониши сиёсӣ суханрониҳои судманди бармадкунандагонро иштирокдорон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал менамоем!» хело бамаврид аст, мо кормандони соҳаи тиб Аксияи ҳизбии номбурдаро ҷонибдорӣ карда, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар корҳои созандагиву ободонӣ ва беҳдошти солимии миллат саҳми босазо хоҳем гузошт.
Дар ҷараёни вохўрӣ аз тарафи масъулони Кумитаи иҷроияи маводҳои таблиғотӣ ба монанди тақвими соли 2019, Оиннома, плакати «Фурўғи нури Раҳмонӣ», нашри охири ҳафтаномаи «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» дода шуд.