БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ЗАН – МОДАР ДАР ПЕШРАФТИ ҲАЁТИ ҶОМЕА НАЗАРРАС АСТ

ЛЕВАКАНТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба «Рӯзи Модар» дар майдончаи варзишии ҷамоати деҳоти Гулистон байни занон ва ҷавондухтарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр чорабинии варзишии футбол доир намуданд.

ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

КӮЛОБ. Дар толори хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мулоқот бо ихтиёриёни ҳизбӣ вобаста ба истифодаи дуруст ва самаранок аз шабакаҳои иҷтимоӣ баргузор карда шуд.

ИДОМАИ ОЗМУН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

КӮЛОБ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани “Рӯзи Модар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони “Модар яктост - Тоҷикистон якто” миёни хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ва Шоева Дилноза баргузор гардид.

ХОНИШИ СИЁСӢ БО ҶАВОНОН

КӮЛОБ. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ва ихтиёран сафарбар гардидан ба хизмати ҳарбӣ  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ   хонишҳои сиёсӣ баргузор гардида истодааст.

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДОИРАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар қабристони деҳаи Панҷосиёби поёни ҷамоати деҳоти Зарбдор ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.

МОДАР ЯКТОСТ - ТОҶИКИСТОН ЯКТО

ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани “Рӯзи Модар” ва эҳтиром гузоштан ба модарон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон миёни донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост – Тоҷикистон якто” эълон карда шуд. Аз ҷониби довталабон зиёда аз 50 иншо дар мавзӯи мазкур ба унвонии сохтори ноҳиявии ҳизб пешниҳод гардид.

ПАЁМИ УМЕДБАХШ

АНДЕША.  Ҳар як Паёми Пешвои миллат муждаест аз навгониҳои кишвар ва дастоварҳои мардуми мо дар як соли сипаришуда. Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат чун дигар Паёмҳояшон дастоврдҳои кишвар ҳамаҷониба бо як шафофияти иқтисодӣ  таҳлил шуда, моҳияти он дар пешравии ҳаёти мардуми кишвар муайян гардид.

ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН БОНУИ НОНПАЗ” ДАР БОХТАР

БОХТАР. Бахшида ба Рӯзи Модар миёни бонувони маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар озмуни “Беҳтарин бонуи нонпаз” доир гардид. Шартҳои озмуни мазкур аз  тарзи омода намудан, ороиши нон, пухтан ва пешниҳод намудани он иборат буд. Дар озмуни ҳизбӣ занону духтарони маҳалла фаъолона иштирок намуда, Азамова Фароғат, Мунаварова Гулноза ва Пиракова Марзия ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовар гардиданд.

ПАЁМИ ПЕШВО-ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ ВА РАҲНАМОСТ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми сокинон ҳамрӯза аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ва гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.

ОФТОБИ РӮИ МОДАР ТАҶАЛЛИИ НУРИ ИЛОҲИСТ!

АНДЕША. Зан – Модар, офарандаи ҳаёти инсон  дар рӯи замин пеши  назар меояд. Ба оғози фасли шукуфтанҳо рост омадани  иди модарон низ нишонаҳои рамзӣ  дорад. Рӯзи модаронро чун зебогиҳояш дӯст медорему фарорасиашро бесаброна интизорӣ мекашем. Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин мегӯем ин аст, ки Ватани офтобии мо дар арафаи Рӯзи Модарон аз замини муқаддаси он нахлу рустаниҳои зебо сар кашида, чун туҳфа ба модарон ғунча мешукуфонанд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg