БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО МАҚСАДИ ТАКМИЛИ ДОНИШИ СИЁСИИ ҲИЗБИЁН

МУЪМИНОБОД. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и  ноҳияи Муъминобод  бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ семинари омӯзишӣ бо раисон ва котибони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  баргузор гардид.

Дар кори семинар муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ҳайдарзода Рамазон ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Алишери Амрохон иштирок намуда,  оид ба  тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  дар асоси Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муфассал маълумот доданд. Инчунин, дар идомаи семинари мазкур    ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баҳри пешбурди фаъолияти корӣ Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастрас карда  шуда, онҳо таъкид гардиданд, ки фаъолияти ҳизбиро  боз ҳам пурӯр намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg