ЛЕВАКАНТ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо иштироки роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ семинари омӯзишӣ тибқи дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз санаи 16 март то 18 марти соли равон баргузор гардида истодааст.
Мақсад аз баргузории семинари мазкур тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, баланд бардоштани савияи дониши роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ, инчунин ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ мебошад.