ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.































