БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ЗАХИРАИ ТИЛЛОИИ КИШВАРАНД

"Ҷавонон нерӯи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд".

                                                                                                                               ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АНДЕША. Ҷавонон нерӯи созанда, ояндаи миллат ва ҷомеа мебошанд. Ин маънӣ аз суханони Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи мо ҷавонон хеле равшан дарк карда мешавад. Давлату ҳукумат ва Сардори давлат ва халқ ба мо ҷавонон эътимоди беандоза доранд. Мо ҷавонони соҳибхираду заковатманд ва ватандӯсту ватанхоҳи Тоҷикистон шукронаи неъматҳои Парвардигорро мекунем, шукрона аз он мекунем, ки чунин Ватани маҳбуб, соҳибистиқлол ва биҳиштосо дорем , ки номаш Тоҷикистон аст. Ватане, ки чун модар дӯсташ медорему барояш эҳтиромро қоилем Ватане, ки ҳар хасу хори он бошандагонашро муқаддас аст. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст. Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши омӯзиши илму адаб, фарҳангу маданият ва кору фаъолиятанд. Хушбахтона, бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як давлати соҳибмаърифату дорандаи фарҳанги бой мешиносанду эътироф менамоянд. Мо ҷавонон бо азму иродаи, қавӣ ва нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ баҳри ободӣ ва осудагии Ватани азизамон камар баста, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошему пайравони асили Пешвои миллат. Истиқлолияти Ватанро, ки беҳтарин ато Худовандист дар сарзамини биҳиштосоямон бо нархи ҷон ҳифз намоем. Ояндаи ин Ватан ва ин мардуми муттаҳиду сулҳпарвар дурахшон аст. Зеро дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муаззамро мебинем. Пешво борҳо қайд намуданд, ки "Ман ба ҷавонони бонангу баномус ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорам, бо онҳо ифтихор мекунам, зеро онҳо воқеан ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созанда ҳастанд".

Ман давоми рӯзгори рафтагонам,

Ман нишони одамони бенишонам.

Ман ба ҳар як аскари азёдрафта,

Ёдгори бегазанди ҷовидонам.

Ман ҷавонам!

Ман ҷавонам!

Ман вавонам!.

Ҷавонон чи дар соҳаи маориф, чи дар соҳаи варзиш, чи дар соҳаи фарҳангу маданияту санъат, хуллас дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти хешро нишон дода истодаанд. Мо ҷавонон набояд фикри обод кардани давлатҳои хориҷро дар мадди аввали андешаҳои худ қарор диҳем. Ҳамон қувва, ҳамон тавоноӣ, ҳамон донишу фаҳмиш, ақлу заковате, ки дар пайи обод ва бунёди давлатҳои хориҷ сарф мекунем, агар дар Тоҷикистони азизи хеш ин амалҳоро анҷом диҳем нуран алонур мегардад. Мо ҷавононро лозим аст, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, ҳама ҳамоҳанг, ҳама ҳамдил, ҳамқадам ба сӯи фардои дурахшон, ба сӯи боз ҳам ободиҳои ободтар, бо виқор ва бо ифтихор қадам занему Ватанро обод ва ҳифз намоем. Мо ҷавонони шаҳри Бохтар дар ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ваъда медиҳем, ки дар муассисаҳои олии мамлакат ва бурун аз он дохилшуда мутахассиси хуб шуда ба Ватан содиқона хизмат менамоем.

Мо ҷавонему ҷавони мекунем,

Бо азизон шодмони мекунем.

Дар диёри хештан бо Пешво.

Мисли булбул парфишони мекунем.

Иброҳимзода Бахтиёр, роҳбари филиали ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат"-и назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg