ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи ба номи “Акбар Шарифӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Ба сокинони маҳалла роҳҳои пешгирии бемории коронавирус, қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доштанро фаҳмонида, барои иҷро варақаҳои тавсиявиро тақсим намуданд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бештар гигиенаи шахсиро риоя намуда, барои худдорӣ кардан аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат аз хона набароянд.