БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МО- ИНТИХОБИ МО, ИФТИХОРИ МО!

АНДЕША. Мусаллам аст, ки шодии беинтиҳои хешро бо мардуми шарифи Тоҷикистон тақсиму эҳдо намоям, зеро ки рӯзи 3 сентябри соли равон дар Анҷумани XIV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакилони Анҷуман якдилонаву сарҷамъона  номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маҳбубу ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Мардуми Тоҷикистон дар ҳақиқат мояи ифтихор, бақои кишвару миллат, созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол мебошанд.

Дар воқеъ, барои мо-аъзои ҲХДТ мояи ифтихор аст, ки имрӯзҳо зери сиёсати сулҳпарваронаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизу маҳбубамон тамоми шароитҳо муҳайё аст. Ҳамасола Тоҷикистон рушд намуда, пешравиҳо дар тамоми самтҳо бемуҳобот ба чашм мерасад. Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат Президенти мардумӣ аст.

Ҷаноби Олӣ ва Ҳукумати кишвар аз мардуми саодатманди диёр, хосса  ҷавонони ояндасозаш умеди калон доранд. Боварии комил дорем, ки мо мардуми шарифи  кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздамон гузошташуда сарбаландона мебароем ва минбаъд низ мекӯшем, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоем. Зеро, аъзои ҲХДТ баҳри ободии диёр, зиндагии шоистаи мардум ва ваҳдати комилли миллат таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз иҷрои Барномаи пешазинтихоботии хеш бо пуррагӣ мебарояд. Маҳз мардуми сарбаланди тоҷик борҳо собит намуданд, ки дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат шоистаи ин мақом ва ин манзалат аст, зеро ки ҳар нияту нақшаҳои Пешвои миллат ба хотири некӯаҳволии халқ аст ва садои зангулаи сулҳу рифоъ танинандоз аст.

Мо итминон дорем, ки бо якдиливу якмаромии мардуми саодатманди  кишварамон аз кулли мушкилоти давр берун хоҳем омад.

Мо ба қудрати занону бонувон ва ҷавонони бонангу номуси миллатамон бовар дорем, ки ҳар яки мо, пеш аз ҳама, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунем ва дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорем.

Маҳбуби ҷаҳонию ҳабиби ватанӣ,

Бар ҷумлаи дардҳо табиби ватанӣ.

Гуфти кӣ ман аз баҳри Ватан мемирам,

Аз баҳри Ватан бизӣ, ки зеби ватанӣ...

Шараф ба Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg