А.ҶОМӢ. Дирӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мутобиқи дастур ва супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоии ҲХДТ бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи 26- солагии таъсисёбии ҲХДТ, вохӯрии ду насл, собиқадорони ҲХДТ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.
ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қумсангир” бахшида ба 26-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили сазовори таъсисёбии 26-солагии ҲХДТ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо иштироки занон ва ҷавондухтарон вохӯрию мулоқот дар мавзӯи «Зан ва ҷомеа» баргузор намуданд.
Н.ХУСРАВ.Ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол -Ватани маҳбуби ҳамаи мо» баргузор гардида истодааст.
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ҳамкорӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва волонтёрон бахшида ба 26 - солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни ҷашниро ташкилу баргузор намуданд.
АНДЕША. Санаи 10 - уми декабри соли 2020 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 26-сол сипарӣ гардид. Дар робита ба ин, агар ба таърихи пайдоиши Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон назар афканем, ин ҳизб дар давраи ниҳоят ҳассос ва тақдирсоз тавлид ёфтааст. Созмон додани чунин ҳизб дар он замони нороҳативу шароити ноустувор дар ҷомеа ба хотири ормонҳои мардумро амалӣ сохтан ниҳоят муҳим ба ҳисоб мерафт.
ЛЕВАКАНТ. Таҳти ҳамин унвон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки як гурӯҳ занони фаъолу собиқадори ҳизб ҷамъомади идона доир намуд.
ПАНҶ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» баргузор гардид.
МУЪМИНОБОД. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 26-солагии ҲХДТ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии кӯчаву маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва фаъолони ҳизб дар Ҷамоати номбурда маҷлиси ҳизбӣ баргузор карда шуд.
КӮШОНИЁН. Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ҳамарӯза аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон ба роҳ монда шуда, дар бораи риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои ҳимоявӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ мулоқот баргузор мешавад.
Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12