БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БАР ЗИДДИ ВИЧ/СПИД МУБОРИЗА МЕБАРЕМ ВА ХУДРО АЗ ИН БЕМОРӢ НИГОҲ МЕДОРЕМ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД)  бо хонандагон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни хониши сиёсӣ масъулини ҳизбӣ оид ба  пешгирии ин вирус ва роҳҳои ба ин беморӣ гирифтор нашуданро ба иштирокдорон фаҳмонида, иброз намуданд, ки СПИД ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки мақсади асосии ин гуна вохӯриҳо воқиф намудани ҷавонон аз хатари паҳншавии вируси мазкур ва баҳри тарзи ҳаёти солим пешсафи муборизони СПИД будан мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg