БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯГОНА РОҲИ НАҶОТ АЗ ИН БЕМОРӢ РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСИСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамарӯза барои пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус бо сокинони ноҳия суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.

Бо ин мақсад дирӯз дар Ҷамоати шаҳраки Балх мулоқоти кормандони масъули Кумитаи иҷроия баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар назди сокинон оид ба роҳи дурусти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ, худдорӣ кардан аз ҷойҳои серодам, риояи масофаи  байниҳамдигарӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаҳониданд.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон аз ин бемории хавфнок ба онҳо маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg