БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Октябр 2021

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ДАНҒАРА.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Нозироти Андоз”  маҷлиси ҳисоботии ташкилоти номбурдаро баргузор намуд. 

ФАЪОЛОНИ ҲХДТ БА МАРДУМ РОҲИ ҲАМВОР МЕСОЗАНД

ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалб намудани шахсони саховатпеша корҳои ободонӣ ва созандагиро баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон доимо вусъат мебахшад.

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД...

ВОКУНИШ. Маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имкони зиндагии ором ва осударо дар ин ҷаҳони ноором, ки дар гӯшаҳои гуногунаш мардум ба ҳоли табоҳе гирифторанд, додааст. Бо ин ҳама тамоми тоҷикони асили ҷаҳон мефахранд.

ЧАШМИ НОТАВОНБИНОН КӮР БОД!

ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо асосан самтҳои тандурустӣ, маориф ва рушди деҳотро дар бар мегирад.

РОҲСОЗӢ АМАЛИ НАКӮСТ

Ҷ. БАЛХӢ.  Бо ташаббуси  узви фаъоли ҳизб, раиси маҳаллаи Қизилоктябри Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Абдуллоев Сайфулло  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”  1 километр роҳи ҳудуди маҳалла аз ҳисоби аҳолии маҳаллаи мазкур сангфарш гардида истодааст, ки ин амал ба рафту омади сокинон дар фасли зимистон кумак хоҳад расонд.

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД...

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузор гардид.  

ШӮЪЛАИ ОФТОБ ДОМАНГИР АСТ

ВОКУНИШ. Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ барои ҳангомаҷӯён воситаест, ки аз дур истода туҳмату гуфтаҳои худро ташвиқ намоянд. Онҳо бо истифода аз ҳаммаслакони худ суханҳо бофта ҳарчиро ки мехоҳанд мегӯянду дигаронро танқид мекунанд. Дар асл гирем хиштеро болои хиште нагузошта, алаферо сабз накарда,  туҳмату буҳтон месозанду мехоҳанд, тарафдоре пайдо кунанд. Онҳо аз чи норозӣ ва чаро аз ҳар як масъалаи кӯчак ҳодиса месозанд.

ТАЛБАҲОИ АБЛАҲОНАИ ГУРӮҲҲОИ ГУМРОҲРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!!!

ВОКУНИШ. Ҳар сафаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои гуногуни дунё анҷом медиҳанд, бешак ҳикмате  барои фардои боз ҳам дурахшонтари Тоҷикистон дар пай дорад.

АМАЛҲОИ НОПОКИ ТЕРРОРИСТОНУ ЭКСТРЕМИСТОНРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

ВОКУНИШ. Роҳбарону  аъзои  ТТЭ  ҲНИ, Гурӯҳи -24  ҳамарӯза  дар    пайи  онанд, ки  мардуми  кишвар,  бахусус ҷавонону  наврасонро  бо  ҳар  гуна  найрангу  ҳилла  гумроҳ  намуда,  онҳро ба  майдон  бароварда  қурбони  бозиҳои  ҳароми  худ  созанд. Ин  ҳаромкориҳои  худро  то  имрӯз  давом  дода,  бо  ҳар  гуна  ҳиллаю  найранги  нав  бозиҳои ҳароми  хешро  идома  додан  мехоҳанд.

АҚЛ ИНСОНРО ТО БА КУҶО МЕБАРАД

АНДЕША. Албатта, дар доираи мафҳуми болозикр дақиқан маълум намоем, ки пайи чи корҳо равонаему онро чи гуна идора мекунем. Вақте ки  Худованд ба Малоик ақл дод, нафс надод, бар ҳайвон нафс дод, ақл надод. Бар инсон ҳам нафсу ҳам ақлро дод. Худованд мефармоянд: “ Агар инсон ақлро бисёр истифода барад, қадрашро аз малоик зиёд мекунам, чунки малоик ақл дораду нафс надорад.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg