ВОКУНИШ. Маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имкони зиндагии ором ва осударо дар ин ҷаҳони ноором, ки дар гӯшаҳои гуногунаш мардум ба ҳоли табоҳе гирифторанд, додааст. Бо ин ҳама тамоми тоҷикони асили ҷаҳон мефахранд.
Чунон ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд. “Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем”.
Гузаштагонамон низ ҳамеша сулҳу озодӣ ва некию хирадмандиро талқин менамуданд, ки барои мо меросбарони онҳо сабақест беназир.
Чун Куруши Кабир бо қувваи бузурге ба Бобул ворид мегардад, намегузорад ба мардуми шаҳр ранҷу озоре расонида шавад.
Мутаассифона, баъзан хоинони миллати мо, аз қабили ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ, Гурӯҳи 24, Паймони миллӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ чун мори дар остинбуда дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехоҳанд бо ҳар роҳу воситаи нотавонбинонаашон монеае созанд, вале дониста бошанд, ки онҳо ҳамон хори сари роҳ ва нокасонеанд, ки бо болопариданҳо гул ва кас намешаванд.
Раҷабзода Маҳмадсаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик