БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛБАҲОИ АБЛАҲОНАИ ГУРӮҲҲОИ ГУМРОҲРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!!!

ВОКУНИШ. Ҳар сафаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои гуногуни дунё анҷом медиҳанд, бешак ҳикмате  барои фардои боз ҳам дурахшонтари Тоҷикистон дар пай дорад. Хусусан, сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба чанде аз кишварҳои иттиҳоди Аврупо октябри соли равон  сурат гирифт,  дар он ҷо дар қатори дигар масъалаҳо масъалаҳои вобаста ба илму маориф, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои барои кишвар муҳим мавриди барррасӣ қарор гирифт.

Мо ба хираду заковати Пешвоямон итминон дорем, зеро ин хирадмандиҳо буд, ки миллати тоҷикро аз варати нобудшавӣ раҳониданд, вале мутаассифона чашми торик ҳамаро сиёҳ мебинад ва монанди ҳамин гуфта  душманони тангбини  сиёсату давлат аз ин сафар ҳам бардошти хуб надоштанд ва дар паи сафари кории Пешвои миллатамон ба пучгӯиву беҳудакориҳои худ шурӯи чандбора карданд. Тибқи маълумотҳои хабарии расонаӣ гурӯҳи мухолифин кӯшиш намуданд, то талабҳои аблаҳонаи хешро ба Пешвои миллат расонанд. Мо талабҳои ин гурӯҳи гумроҳро қотеъона маҳкум мекунем ва бо итминон иброз медорем, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу хушбахтӣ зиндагии осудаю мустақил доранд ва ниёзе ба тавсияҳои аблаҳонаи ватанфурӯшон надоранд!  

Шахсан ман ба он назарам, ки беҳудагӯиву ғайбаткориҳои ин фурӯхташудагон ҷузъ мақсади ба даст овардани мансаб нест, чун заррае дар зеҳни онҳо некхоҳӣ дида намешавад.

 Хабару гузоришҳои тариқи воситаҳои ахбори омма инъикосгардида далели онанд, ки Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмиллаллӣ мақому манзалати хос дошта, аз ҷониби тамоми кишварҳои дунё сиёсату давлатдории ин марди хирад хуш пазируфта шудааст.  

Ҳоло ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари соҳибистиқлолу демократӣ эътироф мекунад, пас сухани ин як ду чоплуси фурӯхташуда чӣ арзише дорад ?!

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg