БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШӮЪЛАИ ОФТОБ ДОМАНГИР АСТ

ВОКУНИШ. Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ барои ҳангомаҷӯён воситаест, ки аз дур истода туҳмату гуфтаҳои худро ташвиқ намоянд. Онҳо бо истифода аз ҳаммаслакони худ суханҳо бофта ҳарчиро ки мехоҳанд мегӯянду дигаронро танқид мекунанд. Дар асл гирем хиштеро болои хиште нагузошта, алаферо сабз накарда,  туҳмату буҳтон месозанду мехоҳанд, тарафдоре пайдо кунанд. Онҳо аз чи норозӣ ва чаро аз ҳар як масъалаи кӯчак ҳодиса месозанд. Ин зумра палидон зери маблағгузории хоҷагони худ амал карда, мехоҳанд як давлати тинҷу оромро майдони ҳарбу зарб табдил диҳанд. Тавре мардуми солманди мо солҳои 90-умро хуб дар хотир доранд, ки чунин гурӯҳҳо ба ғайр аз корҳои харроб ва ноамнӣ дигар корреро ба субот нарасонидаанд.

Ҷавонони имрӯзаи мо ҳамарӯза аз рӯйдоду воқеаҳои кишвар бохабар буда, шукри амну озодӣ ва соҳибистиқлолии кишвар мекунанд. Ҳодисаҳои давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон, Сурияву Ироқ маълум аст, ки бегонагон ба мо чи гуна шароит ё давлат месозанд. Ҳеҷ  як аҳриманӣ хоҳиши рушди моро надорад. Танҳо мо мардуми Тоҷикистон талош намуда, Ватани хешро ободу озод ва онро ба кишварҳои пешрафта мубаддал хоҳем кард. Имрӯзҳо мо сад бор шукр мегӯем, ки ҷавонони тавонманду оқил, олим ва зирак дорему онҳо дар замири худ ҳисси баландӣ ватандӯстиву меҳанпарастӣ доранд. Барои ҳимояи сарзамини хеш худро масъул мешуморанд. Ин як ду- се нафар чеҳраҳо, ки худро пуштибон мегиранду танҳо миёни мардум иғво меандозанд дар кишвари мо ҳеҷ вақт тарафдор пайдо намекунанд.

Тавре, ки шоири бузург дар ин бобат беҳтарин мисраҳои шеъриро қайд намудааст:

Бедил ту маяндеш зи гуфтори рақибон,

Ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро.

Ин зумра нафарон бигузор ҳар чи гӯянд, туҳматҳо кунанд ва мисолҳоеро нишон диҳанд, вале мардуми Тоҷикистон ба гуфтаҳои онҳо диққат надода, беҳтарин неъмат, амнияти имрӯзаро дониста Ватани хешро ободу зебо менамоянд. Кишвари мо ба мисли офтоб тамоми ҳудуди Тоҷикистонро фаро гирифта, ба ҳар як гӯшаи он шӯъла медиҳаду зери таваҷҷуҳи худ қарор мегирад. 

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg