АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия ва баробарҳуқуқию ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.
ВОСЕЪ. Зимни боздиди масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз рафти корҳои таъмири ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 маълум гардид, ки ҳамаи корҳои рангубори дохил ва берунии муассисаи мазкур ба пуррагӣ ба анҷом расида, барои хонандагон барои соли хониши 2021-2022 ҳамаи шароити таълим фароҳам мебошад.
ВОСЕЪ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи маркази ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ аз ҳисоби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои тозагӣ ва ободонӣ дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ташкил ва гузаронида шуд.
ВОСЕЪ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидотии ҳизбӣ “Беморхонаи Марказӣ”-и ноҳияи Восеъ бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ” ҷамъомади идона баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вохӯрии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ баргузор гаридид.
БОХТАР. Дирӯз дар доираи баргузории мусобиқаи Футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии шаҳри Бохтар дар даври 1/8 ниҳоӣ дастаҳо аз маҳаллаҳои "Баҳор" ва "Истиқлол” рақобат намуданд.
Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади тоза намудани кӯчаю маҳал, гузаргоҳҳо аз партовҳо ва алафҳои бегона ва бо ин васила аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сазовор ҷашн гирфтан дар ҳама Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳашари дастаҷамъона гузаронида мешавад.
АНДЕША. Модару Ватан муқаддасоти олами маънӣ мебошанд. Аз ин ду муқаддастаринаш модар аст ва ба бузургии Ватан -Модар тавъам медонанд, ки ибораи гӯшнавози “Ватан- Модар” ҳам аз ин маънӣ накҳат бардоштааст. Беҳуда наовардаанд, ки “Ватан ҷону ҷонон аст”. Ин ифода аз бузургии модар рӯ зада, агар Ватан чун модар азиз набошад, чаро онро ба нақди ҷон баробар медонем? Зеро гуфтаанд:
ШАҲРИТУС. Даври дуюми мусобиқаи Футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” миёни ҷавонони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Шаҳритус ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ шурӯъ шуд.
ДӮСТӢ. Дар доираи озмунҳои ҳизбӣ, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони "Шоми Истиқлол" баргузор гардида истодаанд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12