БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМЕША ҶОНФИДОИ ИН ВАТАН БОШЕМ!

АНДЕША. Модару Ватан муқаддасоти олами маънӣ  мебошанд. Аз ин ду  муқаддастаринаш модар аст ва ба бузургии Ватан -Модар тавъам медонанд, ки ибораи гӯшнавози “Ватан- Модар” ҳам аз ин маънӣ накҳат бардоштааст. Беҳуда наовардаанд, ки “Ватан ҷону ҷонон аст”. Ин ифода аз бузургии модар рӯ зада, агар Ватан чун модар азиз набошад, чаро онро ба нақди ҷон баробар медонем? Зеро гуфтаанд:

Ба сарфарозӣ бигӯям, эй модари меҳрпарварам!

То нафас бошад дар тан, меҳри ту мепарварам.

Модари дигар Ватан бувад ба мо пиру ҷавон,

Меҳри ду модар бимонад дар қалбҳо ҷовидон.

        Модар ҳастии мо, вуҷуди мост. Ватан низ он қадар, ки ба модар пайванд ҳастем бо Ватан ҳам он гуна пайвандем. Ва мегӯем: -“Ману туем ҳамбадан Ватан, Ватан, Ватан” (мисраи устод Бозор Собир). Занҷири меҳри Ватану Модарро тавонотарин тавоноҳо канда наметавонад. Дар даврони Истиқлолият вожаи “Ваҳдат” ҳамрадифи Модару Ватан шуд (Ваҳдати миллии тоҷикон) пирӯзии хираду ақли солиму намояндагони шуурноктарини миллат аст. Агар ин хирад дар ақлу дилҳо ба мустаҳкамӣ ҷо намегирифт, агар он чун офтоб рӯ наметофт, ба созиши умумӣ намеомадем. Бисёриҳо ҷанги дурударози Афғонистонро мисол оварда, аз интиҳои даргириҳои фоҷиабори кишвар умед надоштанд. Воқеан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар миёни ибтидою интиҳои гуфтушунидҳо пайзании роҳи осон надошт. Ба қавле гӯшае намонд, ки дар атрофи оромкунии муноқишаҳо ва мавзуи сулҳи умумӣ гуфтушунид барпо нашуда бошад. Дар ҳашт даври музокирот, ки қариб чор сол идома дошт, ба намояндагони мухолифин 21 вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир карда шуд.

Ин тавр ки ҳаст, яъне агар сулҳи деринтизор ба осонӣ муяссар нагардида бошад, пас чаро онро гиромӣ надорему қадр накунем?! Аз соли 1998 дар шаҳру навоҳии кишвар мутантан таҷлил кардани Рӯзи Ваҳдат ба ҳамин хотир аст. Ба хотире, ки он мустаҳкам гардаду пойдор монад, то наслҳои оянда донанд, ки чӣ рӯз доштему ба кадом рӯз расидем. Дар давоми Истиқлолияти давлатӣ вожаи “Ваҳдат” арзиши олӣ маҳсуб ёфт, зеро он тавре гуфтем, бо мушкилӣ муяссар гардид. Соли 1997 вақте дар пойтахти Федератсияи Россия- шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба халқ муроҷиат карда, аз ҷумла қайд намуданд: “Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 солаи охир барои нигоҳ доштани давлати тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик аввал пешпо хӯрд, вале имрӯз пирӯз шуд. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар миёни халқи мо роҳ гирифта буд, аз худ дур сохта, морони заҳрнокеро, ки ҷони ҷавонони садҳо фарзандони моро қурбон кардаанд саркӯб созад”.

Ҳама аз аллаи модар шаҳди ҳузуру ҳаловат чашидаем, бо навои он аз ҳавои Ватан нафаси фароғат кашидаем. Ваҳдати миллӣ бо ҳавои нафаси мардум оромию роҳати тоза бахшид. Ба туфайли Ваҳдат осоиши Ватан таъмин гардид, халқи тоҷик ба марҳилаи бунёдкорию созандагӣ ворид шуд. Соли чилуяки асри гузашта ҳине, ки Гитлер ба ғасби ИҶШС қасд кард, каму ғам не, қариб 300 ҳазор фарзанди Тоҷикистон ба ҳифзи он бархест. Дар бадали чор сол муқобилият карда, мардона ҷангиданд ва ғолиб омаданд. Ин ҷанг, ки хеле пареш хӯрд, дар 40 давлати дунё дуду дудғала барангехт ва ҷамъулҷамъ 55 миллион одамро ба коми даҳшаташ кашид.

Ҳарчанд дарднок аст, вале ба як ҷумла ифода мекунам, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ ҷони беш аз сад ҳазор ҷавонмардро аз даст додем. Ҳазорон нафар бепадару бешавҳар монданд. Инак, ниҳоли баҳамшинондаи Ваҳдати миллӣ 24 сола шуд. Яъне, ба балоғат расид. Солҳои ин миён, солҳои эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, солҳои сулҳу субот ва оромӣ, солҳои бунёдкории беназир мебошад. Агар дарахт дар сесолагиаш самар диҳад, Ваҳдати миллӣ дар умри  беш аз бистсола фаровон бор дод. Ҳар фарди худогоҳ ба чашми сар мебинад ин фаровониҳоро. Гузашта аз ин, аз қадамҳои устувори кишвар нафақат худамон ифтихору шодмонӣ мекунем, балки таваҷҷуҳи хориҷиёну дӯстони беғаразро низ ба худ кашиданд. Онҳо ба ақлу хираду тоқатпазирии мо тан додаанд. Аз ин лиҳоз, мехоҳам, иншои худро бо ҳарфҳои заррини Пешвои ваҳдатсароёни кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳусни анҷом бахшам, ки ба ифтихори ҳамон ҳуҷҷати таърихии 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расида гуфта буд: “Бори дигар таъкид менамоям, ки маҳз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки кишварамонро аз буҳрони шадид бароварда, рушди онро таъмин намуд ва барои зиндагии осудаи сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам овард”.

Умаралӣ Юсупов,  омӯзгори МТМУ №8-и н. Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg