ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар робита бо Кумитаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба фуболи хурд баҳри дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» байни дастаҳои футболи “Амонатбонк” ва дастаи “Ҷамоати деҳоти Қумсангир”-и ноҳия мутобиқи Низомнома ва ҷадвали таҳиягардида баргузор гардид.