ҶАЙҲУН. Дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ” чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид. Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод доир ба мақсаду мароми ин ҳизби пешоҳанг суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт.