БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН - РАВШАНГАРИ РОҲИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ КИШВАР

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сохтори госпиталӣ” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз вохӯрӣ бо иштироки занон ва ҷавондухтарон дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа”  дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Зимнан намояндагони ҳизбӣ ҳамагонро бо 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ шодбош гуфта,  дар бораи  мақому манзалати  ин ҳизби пешоҳанги ҷомеа  ва нақши занон  дар ташаккули ҷомеаи муосир  андешаронӣ карда,  онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи дурусти насли наврасу чавон ҳидоят намуданд.

Дар охир  ба як қатор занон ва ҷавондухтарони фаъол  бахшида ба 26- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ  саҳм гузоштаанд, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg