ВОСЕЪ. Бахшида ба 26-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №1” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Иботов Диловар иброз намуд, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Деморкатии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро дар доираи Барномаи созандаи худ ба сомон расонида истодааст, ки ҳам барои насли имрӯза ва ҳам барои насли минбаъда низ манфиатбор мебошад.
Ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ба ҳисоб рафта, онро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
Дар охири вохӯрӣ ба 12 нафар шахсоне, ки аризаҳои худро барои шомил шудан ба аъзогии ҲХДТ пешниҳод карда буданд, ботантана билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.