ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи дастури мақомоти болоии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби занон, ҷавонон, собиқадорон ва кормандони масъули Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ ва Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ таъсис дода шуда, 4 рӯз боз корҳои фаҳмондадиҳиро дар мавриди пешгирии коронавирус дар ҳудуди ноҳия идома дода истодаанд.