БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН РОҲИ МУБОРИЗА РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ГИГИЕНӢ МЕБОШАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба  пешгирӣ кардани бемории сироятии  короновируси навъи (СOVID-19) бо иштироки васеи хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулин дар вохӯрӣ иброз доштанд, ки пеш аз ҳама саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст.  Оид ба пешгирии  бемориҳои сироятӣ агар худи мо гигиенаи шахсиро риоя  намоему  муҳити зистамонро  тоза нигоҳ дорем, аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин монда метавонем. Аз ин хотир моро зарур ва ҳатмист, ки маводҳои антисептикиро зуд-зуд истифода барему безарурат ба љойҳои серодам наравем.

Инчунин, дар идомаи суҳбат қайд карда шуд, ки ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи миллат бояд масъулият эҳсос кунад, қоидаҳои бехатариро риоя кунад ва дар байни дӯстону ҳамдиёрон тарғиботи дуруст барад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg