БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

2020-2021 СОЛҲОИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  таҳти  Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия баргузор гардид.  Рӯзномаи маҷлис бо фарогирии 8 масъала тасдиқ гардид.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада,  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар давоми  се моҳи соли 2020 маълумот дод.

Ҳамидиён Орзу зимни баромади хеш қайд намуд, ки Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар раванди таъмини  пойдории ваҳдату субот ва рушди устувори кишвар саҳми беназар гузоштааст, ки дар ин росто нақши ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб  назаррас аст.  Аҳли Раёсати Кумитаи иҷроияро зарур аст, ки корро минбаъд низ дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҷоннок намуда, баҳри баланд бардоштани ҳисси маърифатнокии аъзои ҳизб ва аҳли ҷомеа  чораҳои мушаххас  андешанд.

Дар рафти маҷлис бо пешниҳоди аъзои Раёсат дар ростои истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъбасти сазовор аз Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2020-2021 барои ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб “Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ” эълон карда шуд.Дар ростои “Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ” бо қарори дахлдор ҳудуди 10 номгӯи аксия-чорабиниҳо ҳумчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо унвонҳои зерин тасдиқ карда шуданд:

  1. "Интизоми ҳизбӣ-асоси иҷрои Барномаи ҲХДТ!"
  2. “Ободии Ватан аз ободии деҳаву маҳаллаҳо сар мешавад!”
  3. “Солимии миллат-бақои давлат!”,
  4. “Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд”,
  5. “Навовариву ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад!”
  6. "ҲХДТ - сипари Тоҷикистон дар пешорӯи ҷангҳои иттилоотӣ";
  7. "Сатҳи некӯаҳволии мо аз рушди саноат вобаста аст!";
  8. "Варзиш-новобаста аз синну сол!";
  9. "Садоқат ба Ватан - аз сухан то амал!";
  10. "Сайри Ватан ва тарғиби таърихи кӯҳан!".

Зимни музокираи масъалаҳои маҷлис аъзои Раёсат андешаҳои худро дар мавриди  қарорҳои баовозгузошта иброз намуда, баҳри пешравии кор таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд. Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳангоми таҳлилу баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис пешниҳодҳои иштирокдоронро қабул намуда, барои омӯзиш  ба роҳбарӣ гирифт.

Дар ҳамин замина вобаста ба масъалаҳои баррасишавандаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg