
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси (COVID-19) ва тарғиби тарзи ҳаёти солим корҳои таблиғотӣ- фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои иттилотиро дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён ба роҳ монданд. Дар чорабинии мазкур сокинон пурра аз ҳолатҳои бемории сироятӣ огоҳ карда шуда, онҳо барои риояи гигиенаи шахсӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ раҳнамоӣ карда шуданд.