ВОКУНИШ. Тавре хонанда огоҳ аст, ҳар сол аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо дар робита ба демократия ва ҳуқуқи инсон чорабинӣ бо иштироки намояндагон аз 60 давлати дунё баргузор мегардад. Аммо то ҷое ба назар мерасад сол аз сол ин майдони ба қавле "озодиву ҳуқуқи инсону демократия” ба як майдони айбҷӯиву фурсати қасосситонии давлатҳои абарқудрат аз кишварҳои дар сангари муқобил қарордошта табдил ёфтааст.
ХУРОСОН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз ёфта, ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шукргузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.