БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИШАСТИ САҲА, САРБАЛАНДИИ ҲАЙАТИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН ВА САРҶУНБОНИВУ САРАФКАНДАГИИ МУХОЛИФОН

ВОКУНИШ. Тавре хонанда огоҳ аст, ҳар сол аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкори дар Аврупо дар робита ба демократия ва ҳуқуқи инсон чорабинӣ бо иштироки намояндагон аз 60 давлати дунё баргузор мегардад. Аммо то ҷое ба назар мерасад сол аз сол ин майдони ба қавле "озодиву ҳуқуқи инсону демократия” ба як майдони айбҷӯиву фурсати қасосситонии давлатҳои абарқудрат аз кишварҳои дар сангари муқобил қарордошта табдил ёфтааст. Таҷрибаҳои солҳои қаблӣ ва имсол нишон дода истодаанд, ки ҳама он айбҷӯиҳову айббофиҳои ғаразнок ва ба қавле “эродҳои сахтгирона”-ву ҳуҷумҳои иттилоотӣ бештар ба кишварҳои дар ҳайати ИДМ ва ШОС қарордошта равона мешаванд, ки Тоҷикистон яке аз онҳост. Пас воқеият чист?!

Мухолифоне, ки дар тилисми бадгӯӣ асир гаштаанд

Тавре ба назар мерасад, дар асри 21 мухолифсозиву мухолифбозӣ ба як бозии маъмулии давлатҳои абарқудрат табдил ёфтааст ва аллакай мардум худаш огоҳ аст, ки дар пушти кадом гурӯҳи бо ном мухолиф “кӣ” истодааст. Ин раванд қариб, ки ба як таҷрибаи маъмулии рӯйрост дахолат кардан ба сиёсати дохилии давлатҳои тозаистиқлол табдил ёфтааст. Дар робита ба Тоҷикистон ҳам кӯшиш доранд аз ҳамин усули маъмул истифода баранд. Чи кор карданд: якчанд нафари ба қавли мардум “аз таги дор гурехта”-ро, ки ноилоҷ мехоҳанд хиёнату гуноҳҳояшонро зери сояи “мухолифин” пинҳон созанд, ҷамъ карда, ду-се ноутбуку микрофону камера садақа фармуда, ба сӯи ватнашон “фас” мегӯянд. Эшон ҳам аз ҳар маврид истифода бурда, ба хотири ҳифзи паноҳандагии сиёсиашон сӯи ватани худ сангандозӣ мекунанд ва мекӯшанд аз куҷое кадом камбудиву айбу гуноҳеро низ ҳамчун далел “ёбанд”. Касе аз таъриху фалсафа огоҳ аст, медонад, ки инсон агар дар роҳи нодуруст (шояд ба қавли худаш дуруст) по монад, қодир аст “далелҳое” барои “гунаҳгор” кардани ҷонибе пайдо созаду ҳатто (наузанбиллоҳ) садҳо камбудиҳои Худовандро баршуморад ва Офаридгорро ҳам ба садҳо гуноҳони гушношунид (махсусан дар робита ба ҳуқуқи башар) “гунаҳкор” намояд, чи расад ба инсонҳои дигар, ё худ ҳайати ҳукумати як давлат. Ба унвони мисол маҳз ҳамин омил чанд сол пеш аъзои Гуруӯҳи 24, инчунин чанд наҳзатии дигарро ҳам таҳрик дода буд, ки ришҳоро шона зада дар тан либосҳои занона пӯшанду дар яке аз парадҳои ҳамҷинсгароён дар Олмон иштирок намоянд ва аксҳояшонро ҳамчун ҳомиёни ашадии “ҳуқуқи инсон” дар интернет паҳн созанд...

Маҳз ҳамин усул ва принсип “беҳтарин” ва “боэътимодтарин” барои хоҷагони хориҷии мухолифонамон ҳисоб мешавад ва таҷрибаҳо ҳам нишон доданд, ки бар пояи ҳамин усул мухолифони кишварамон “тарбияи маънавӣ” ёфта, то ҷое дар дидани муваффақияту пешравиҳо кур шудданд, ки ҳатто камбудиҳоро ҳам бо чашми пушида ва бо обу ранги хаёлии худашон матраҳ месозанд. Ин ҳолати гурӯҳе бо ном “мухолифини тоҷик” як бемориро мемонад ва ниёз ба дилсӯзиву табобатро дорад. Табобати онҳо тавба аст! Тавба дар назди халқ, тавба дар назди Ватан! Аммо афсӯс на ҳамаашон гӯши шунаво доранд ва агар ҳам мешунаванд, пойи раво надоранд, чун пояшон мисли пойи девонаҳо дар занҷири хоҷагонашон кургиреҳ аст.

Айб дар роҳи норушани мухолифон аст, ё дар равшанбаёнии Раҳнамо

Пеш аз ба конферансияи Варшава рафтани ҳаяати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ин ҳайат Абдуллоҳи Раҳнамо бо АМИТ “Ховар” мусоҳибае анҷом дод, ки он санаи 13.09.2019 таҳти унвони “Ҳайати ҳукумат ба конфронси Варшава бо сари баланд ва рӯи сурх меравад” ба нашр расид. Зимни мусоҳиба Абдуллоҳи Раҳнамо интизориҳои бархе аз расонаҳо ва худи мухолифинро дар робита ба “саҳнаи баҳсу музокираи ҳайати давлат бо мухолифин” будани конференсияи Варшаваро инкор намуда, чунин бардоштро бе поя унвон кард. Дар ин замина иброз дошт, ки “...аз ҷониби Тоҷикистон маҳз давлати Тоҷикистон узви САҲА аст, на ягон ташкилот ё фарди алоҳида... Новобаста аз ҳузур доштан ё надоштани шахсони мухолиф дар он ҷо ҳайати давлатӣ рисолати худро анҷом медиҳад”.

 Дар робита ба зарурати музокира бо афроди норозӣ ва бо ном мухолиф низ ҷавоби равшане додааст: “...ҳоло мушаххасан музокира бо кӣ? Бо чанд шахси норозӣ, ки аз ҷавобгарӣ фирор карда, дар Аврупо ҳавзаи роҳат ёфта, аз дур ба воситаи шабакаҳои маҷозӣ ва фейкҳо фазои мухолифат месозанд? Дар таҷрибаи сиёсӣ музокира бо қувваи сиёсӣ ва ташкилоте имкон дорад, ки он ақаллан вуҷуди физикӣ дошта бошад, аъзо, пайравон ва заминаи иҷтимоии он дар ҷомеа муайян бошад. Аммо бо мавҷуди маҷозӣ музокира кардан имкон надорад”.

Ин ва дигар гуфтаҳои Абдуллоҳ Раҳнамо, ки сароҳатан исботгари безарфият будани чанд ҷинояткоре бо ном “мухолифин”-и давлати тоҷикон дар Аврупост, фиғону нолаи ин тоифаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баланд кард ва борони таҳқиру тавҳини ин гурӯҳро сари Абдуллоҳи Раҳнамо рехт. Чунин фиғону нолаҳо, ки ҳатто то сатҳи инҷиқии бешармона поён буд, бори дигар собит сохт, ки ин гурӯҳ ҳатто ҳуқуқи маънавии худро “мухолиф” гуфтанро надорад ва эшон то ҷое ба хоҷагони хориҷиашон ҳам хиёнат карда, нони додаи онҳоро “ҳалол” карда натавонистанд.  

Аз дигар тараф, худашонро мухолиф гуфта, ҳатто намедонанд ба кадом тараф рафта истодаанд. Намедонанд кадом роҳ ба куҷо мебарад, умуман роҳи муайяне надоранд. Як гурӯҳ наҳзатиҳо бо ишора ва роҳнамоии хоҷагони хориҷиашон ба қавле паймон кардаанду намедонанд оқибати бефикриашон ба куҷо мерасонад. Зеро дар роҳи торике қарор доранду ҳамеша ниёз доранд ба дасти лухтакбози беруна, то онҳоро дар доираи чунин чорабиниҳо дар ин ё он гӯшаи Арупо ҷунбонад. 

Дар ҷавоб ба онҳо Абдуллоҳи Раҳнамо бисёр дуруст гуфтааст, ки “...ман равандро тафсир мекунам, онҳо шахсро таҳқир мекунанд... Ҳамин ҳолат муҳимтарин нишондиҳандаи заифии комил ва холигии фикрии ин муаллифон, яъне аъзою ҷонибдорони мухолифин аст”.

Озодии баён ва каллаҳои ҷунбони мухолифон

Дар рӯзи дувуми нишасти машваратии САҲА, ки вазъи озодии баён матраҳ гардид, Вафо Ниятбекзода, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои фаъолияти хабарнигорон ва рушди озодии сухан фароҳам оварда шудааст ва ҳеҷ гуна монеаву маҳдудият барои фаъолияти матбуот вуҷуд надорад.

Аммо барои доираҳои манфиатхоҳ ва расонаҳои хориҷие, ки рисолаташон гарм нигоҳ доштани раванди ҷанги иттилоотӣ ва фитнагариву ғаразмандист, ин воқеият ҳеҷ қобили қабул буда наметавонад. Бояд ҳатман айбҷӯӣ кунанд ва карданд. Чун ҳеҷ гапе наёфтанд, навиштанд, ки дар ростои суханони Ниятбекзода “баъзе аз намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии хабарнигорӣ ва мухолифини давлат, ки дар нишаст ҳузур доштанд, бо сар такон додан ва табассуми маънидор ин гуфтаҳоро мешуниданд”. Бубинед, ҳатто барои чунин фолбинҳо ҳам дар Тоҷикистон озодии баён ҳасту боз ба онҳо “чизе” намерасад, ки ин чиз аллакай ба озодии баён дахл надорад! Ин чиз ғараз аст дигар, ки дар моварои ҷанги сарду ҳуҷумҳои иттилоотӣ бештар ба он такя мекунанд на ба воқеият.

Дар охир месазад қайд намоем, ки воқеан ҳайати Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар Варшава муваффақона амал кард ва ба ҷаҳониён собит сохт, ки дар ҳақиқат имрӯз Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ободу ором ва осуда табдил ёфта, дар саросари кишвар корҳои созандагиву ободонӣ дар авҷанд. Мардуми кишвар саргарми бунёдкориву ватансозӣ буда ба ҳар гуна ҳарзаҳои ҳарзагӯёне дар хориҷ, ки дар умрашон аз меҳнати ҳалол нон нахӯрдаанду бо мухолифтарошии худ аз роҳи таҳқири давлату миллат ду-се устухоне аз хоҷагонашон меёбанд, аҳамияте намедиҳанд. Зеро мардуми кишвар аллакай дарк кардааст, ки Ватанро намешавад бо дасисаву фитна обод кард, Ватанро танҳо бо меҳнати софдилона обод кардан мумкин аст.

Орзу Ҳамидиён – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg