БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОНРО ПОЙМОЛ МЕКУНАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳ. Шерозӣ» корҳои  фаҳмондадиҳӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти  дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХ 1 табдил ёфтааст.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол мекунад. Дар тарғиби  ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон тарғиб  ва интишор мекунанд.

Сипас, дар охир байни   намояндагони ҳизбӣ ва иштирокдорон дар хусуси  масъалаҳои ҳаётан муҳим  суолу дархостҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби масъулин посухҳои  саҳеҳ гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg