ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз ёфта, ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шукргузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.
Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба сафҳои Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ дар ташкилоти ибтидоии «Холмурод Муродов»-и ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон вохӯрӣ доир карда шуда,таъкид гардид, ки хизмати Ватан-Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад ва ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯстро лозим аст, дар ҳифзи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу суботи кишвар саҳм гузошта, қарзи фарзандии хешро адо намояд.
Инчунин, дар охир дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуда, аз ҷониби масъулини ҳизбӣ ба суолу дархостҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.