АНДЕША. Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ мушкилоти имрӯзу дирӯз нест. Ин масъала аз вақти пайдоиши инсоният аз он масъалаҳоест, ки одамон роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Зеро бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз ҳам кишварҳое ҳастанд, ки мардумонаш аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар баъзе давлатҳо нархи об алҳол аз нархи сӯзишворӣ ҳам болотар меистад.