БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳар, ки хандонат ятими хастаро...

ТЕМУРМАЛИК. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ - амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон  оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гулдастон” вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз Маҷлиси КИМ ҲХДТ, ки рӯзи 7 феврал таҳти Раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз ҷониби масъулин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вобаста  ба  татбиқи  қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Гулдастон” Боякова Файзинисо дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва  ба як нафар  ятим  Саидова Аниса сару либоси  мактабӣ  тақдим карда  шуд .

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg