БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бори каҷ ба манзил намерасаду одами бад ба мақсад!

ВОКУНИШ. Ватани азизи мо Тоҷикистони маҳбуб бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст. Мо ҷавонон шукургузорӣ аз онем, ки дар Ватани тинҷу ором  зиндагӣ дорем.  

Мо ҷавонон бо иродаи қавӣ, далерию нотарсӣ ва зиракию чолокӣ дар сулҳу субот ва рушду нумӯи кишвари азизамон -Тоҷикистон саҳмгузошта истодаем. Мо бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ба Ватану миллати худ содиқона хизмат кунем ва нагузорем, ки ҳар ватанфурӯше ё хоине ба мисли наҳзатиҳои дайду бо иғвою дассисабозиашон аз хориҷӣ кишвар истода ба сулҳу субот ва рушду нумӯи кишвари азизамон чашм ало кунанд.

Сад сол дар хориҷ аз Ватан гардеду дорои қасру маблағҳои ҳаром бошед ҳам, на худатонро на ҳаммаслаконатонро касе ҳамватан намегӯяд, ин Ватан Ватани хоинон нест!. То кай шумо хоки пойи хоҷагонатонро ба дида молида, рўз мебаред? Хоҷагонатон хуб медонанд, ки шумо хоину ватанфурӯшед, хиёнаткоред, бинобар ин шумо ба боварии онҳо намедароед.

Наҳзатиҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, дар ҷомеаи мо низоъ барангехта, ҷавонони соддаву бегуноҳро ба доми худ кашида, барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразнокашон истифода намоянд. Ҷавонону наврасони дунёбехабару ноогоҳ ва ба гирдоби ҷаҳолат афтодаро террористу бегонапараст омода намуда, муқобили Ватани аҷдодии миллати тоҷик хиёнаткориву хоиниро пеша мекунед ва ба кишвари мо санг мезанед?

Вале имрӯз, ки будани наҳзатиҳоро мардуми ватандӯсти Тоҷикистон фаҳмидааст, аз аввали фаъолиятатон пинҳонӣ бо гурӯҳҳои ифротгаро ҳамдастӣ доштед, мардумро бо роҳи фиребу найранг ба доми гурӯҳҳои муташаккили террористӣ ҷалб намудед, аммо имрӯз ҳама ин кирдорҳои ноҷавонмардонаатон рӯи об хест ва мардум медонад наҳзатиҳо киҳо ҳастанд.

Бояд, донед, ки бе усули динӣ ва ақидаҳои динӣ ҳеҷ гоҳ давлатро сохта ва идора карда намешавад. Мо миллати тоҷик ва ҷавонони хушбахти меҳан доштани чунин Президенти фозил ва арҷманд ифтихор дорем.

Чунин сарвари ғамхор ба ҳар миллату давлат насиб намегардад. Миллату давлатҳоеро, низ медонем, ки доштани чунин Сарвару роҳбару Пешворо орзу менамоянд.

Шеров Суннатулло, мутахасиси шуъбаи таблиғот, иттилоот
ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён                                                                                   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg