
КУШОНИЁН. Дар деҳаи Уртабузи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо фаъолон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Масъулин зимни андешаронӣ муҳимтарин нуктаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро ба иштирокдорон шарҳ дода, аз ҳар яки онҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат даъват ба амал оварданд.
Ҳамзамон, раиси маҳаллаи Уртабуз бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.