БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗИЗӢ АБДУҶАББОР АБДУҚАҲҲОР – Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

azizi.jpg23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ба итмом расонидааст. Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос» ҳимоя намудааст.

 

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии «Тоҷикселхозтехника» оғоз кардааст.
Аз соли 1979 то 1987 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ (котиби озоди кумитаи комсомолии омӯзишгоҳи касбӣ — техникии №57, мудири шуъба, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара, инструктори Кумитаи Марказии комсомолии Тоҷикистон ва котиби Кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб) кор кардааст.
Солҳои 1987 — 1991 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ (инструктор, мудири хонаи маорифи сиёсии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара) фаъолият намудааст.
Солҳои 1991 — 1994 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳия, солҳои 1994 — 1995 муовини раиси ноҳияи Данғара ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.
Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Аз соли 2001 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардид.
Ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст.
Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.
1 — марти соли 2015 вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон мебошад.

Аз 13-уми декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муовини Якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон интихоб гардидаст.

 

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба ҳайси мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст. Аз соли 1984 то соли 1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон хизмати ҳарбӣ намудааст.
Солҳои 1987-1989 дар вазифаи мухбири калони рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» кор кардааст.
Аз соли 1991 то 1993 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият намудааст.
Солҳои 1993-1994 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994-2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2007 то 2014 дар вазифаи Мушовири Давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият намудааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 22 январи соли 2014 бинобар таҷдид сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардид.

Бо ордени «Ситораи сурх», Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ», медали «Ба размандаи интернатсионалист аз мардуми сипосгузори Афғонистон», медали «20-солагии баровардани қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон» ва медали тиллоии «Ниҳоли дӯстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор падари се фарзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg