НЕЪМАТЗОДА МАЛИКШО
11 феврали соли 1969 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси филолог – шарқшинос. Донишкадаиандоз ва ҳуқуқ Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сиёсатшинос – ҳамкориҳои байналмилалӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ҳамчун корманди китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз кардааст. Аз соли 1994 то 1997 сармуҳаррири нашриёти “Каломи бадеъ” дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 1997-1999 сарвари ширкати хусусии “Ҷалил”–и шаҳри фаъолият намудааст. Солҳои 1999 то 2001 дар вазифаи мушовири намояндаи минтақавӣ дар намоняндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, шаҳри Санкт-Петербург кор кардааст. Аз моҳи декабри солҳои 2001 то 2007 ба ҳайси мутахассиси пешбар, мудири бахши шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудаст. Солҳои 2007 то 2014 Раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудаст.
Солҳои 2014 - 2018 Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҳамзамон дар Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Чехия кор ва фаъолият намудааст. Солҳои 2018 - 2020 Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз январи соли 2020 раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон ва солҳои 2020 - 2024 дар вазифаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ҳамзамон солҳои 2009 то 2014 масъулияти Раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, муовини Президенти кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ва Раиси Федератсияи варзишии таэквандои – WTF бар ӯҳда дошт.
Аз 18 декабри соли 2024 дар вазифаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.
Бо «ордени Шараф дараљаи II», медали 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо унвони корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, “Аълочии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.