ВОКУНИШ. Ҷаҳонишавӣ барои тараққиёту пешрафти кулли кишварҳои дунё нақши бузург дорад. Вале ин раванд баробари паҳлӯҳои мусбат тарафҳои манфӣ низ дошта, дар ҷомеаи имрӯза як қатор мушкилиҳои ниҳоят ҷиддиро ба миён овардааст. Имрӯз дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст.