БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛИЁТИ УМУМИНОҲИЯВИИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ”

ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроия оид ба баргузории амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо   волонтёрон, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Фархор ва дигар фаъолони ҳизбӣ дар қабристони деҳаи  Сайёраи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия ҳашари ободонӣ баргузор намуданд.

Дар ин ҳашар зиёда аз 190 нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тозакунии дохил ва атрофи қабристонҳоро аз алафҳои хушкшуда ва  хошок ба иҷро расониданд, ҳамзамон дар кори ҳашар имомхатибон низ иштирок доштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg