БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ХИЁНАТ ТО БА БЕНОМУСӢ...

ВОКУНИШ. Имрӯз ман ҳамчун ҷавони зодаи даврони  истиқлолият ҳар як амали наҳзатиёни ифротӣ, аъзоёни Гуруҳи 24,  инчунин хоиноне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд ва  бар зидди миллати азизам санги маломат мезананд, маҳкум намуда, кирдори ноҷавонмардонаи онҳоро  ҳамчун нанг дар таърихи миллати тоҷик медонам.

Барои нафароне, ки  ба  ин афродро ҳақиқатгӯй мепиндоранд содда карда  гуфтаниям, ки    наҳзатиёни ифротӣ ва  аъзоёни Гуруҳи 24 дар ҳар  баромадашон ду ва ё се либос иваз мекунанд ва аз  технологияи муосир истифода мекунанд, байни миллати тоҷик иғво меандозанд шароитро ки барояшон муҳайё месозад?     Ба ҷуз сафсата ва хабарчини  кардан дигар ба коре шуғл надоранд, ин қадар маблағро  аз куҷо ба даст меранд?  

Шарм надошта  боз Ҳукумати кишвар ва мардуме, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд гунаҳкори асосӣ мешуморанд ва пайваста мавриди туҳмату буҳтон карор медиҳанд. Шумо эй наҳзатиёни ифротӣ, аъзоёни Гуруҳи 24 кайҳо он принсипи инсондӯстие, ки халқи тоҷик тули търихи хеш дошт аз даст додаед. Дар ин бобат Низомии Ганҷавӣ бисёр хуб қайд кардааст:

Айби касон маганду эҳсони хеш,

Дида фурӯ кун ба гиребони хеш.

Бояд қайд кунам, ки Шумо хоинони миллат бо он каллаи пуч ва суханҳои бемаъниятон аз вартаи инсоният ва инсондӯстӣ чандин фарсахҳо дур шудаед ва бо ин роҳи ноустуворе, ки шумо бадхоҳон интихоб кардаед дур намеравед. Дар урфият мегӯянд: “Бори каҷ ба манзил намерасад ва шумо бадхоҳони  миллат ба мақсадатон намерасед! Шумо оддитарин амалро баҳри ободии миллат накардаед. Дар забонатон ба ҷуз “Тоҷикистон ба мо чи кард” дигар ҳарфе нест. Эй бехабарон ва хоинони миллат! Шумо боре аҳамияти ватандӯстӣ ва хизмат кардан бар Ватанро ҳамчун хизмат бар Модар медонанд, дарк кардае?  

 Шоире хуб қайд кардааст:

Ман намепурсам Ватан бар ман чи дод,

Пурсам аз худ бар Ватан чи додаам,

Оё  шумо мухолифин  имрӯз барои Ватану миллат чи хизмат карда истодаед? Ба ҷуз нооромию фитна андохтан байни мардум, ба суи худписандию ҷаҳолат ё фиребу найранг бурдани ҷавонон, нияти нопоки барҳам додани давлат ва мутеъ кардани халқи он. Дигар чи кор? Ба монанди худатон бо ду пули ночиз фурӯхтани номусатон. Боз чӣ? Тамоми олимон ва нақидони дини Ислом амалҳои шумо худписандони наҳзатиро маҳкум кардаанд. Мегуянд ифротгароӣ ба терроризм оварда мерасонад. Нишонаҳои террорист будани шумо дар суханрониҳоятон кайҳо ошкор шуд, ки Муҳаммадиқболи Садриддини номусбохта,  Муҳиддин Кабирии бадхоҳи аждаҳо, Хусейн Ашурови иблиси нобакор, Беҳрӯз Тағойзодаи маймунсифат мегуянд: “Ҳоли мо хомушем, одамҳоямонро барои катл кардани касе фармон надодаем, нагуфтем, ки касеро лату кӯб намоянд” ва ғайра ба монанди инҳо. Бо суханҳои пуч ва хушку холӣ мардумро ба тарсу таҳлука меандозанд, ки ин худ амали террористӣ мебошад.  Шумо як лошахури бевиҷдони беномуси фурухташудаед М. Иқбол, Кабирӣ, Ҳусен, Беҳруз ва дигир ҳамсафонатон! Яқ мақол аст, ки “Кӯзапуштро танҳо гӯр рост мекунад”. Шумо бадхоҳони ҳарису чашмгӯрусна аз хоки гӯр сери надоред. Бо он ҳама неъматҳои Худо ба ба шумо арзонӣ дода, шукргузорӣ  накардед. Бо макру фиребу қаллобӣ даст ба ҷиноятҳои вазнинтарин  зада худатонро дар ба дару хок бар сар кардаед. Шумо виҷдон надоред, чунки агар виҷдон медоштед ин мисраҳоро “Гадо гар дар ватан бошад амир аст” дарк карда, худро дар оғуши хоҷагонатон пинҳон намекардеду ба хулосае меомадед.

Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg