БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарғибгари ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат аст!

ҶАЙҲУН.Дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷиксодиротбонк»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ишироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ худро масъул мешуморем

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозӣ”  пеш аз гузаронидани хониши сиёсӣ масъалаи ташкилӣ дида баромада шуд. Бо сабаби ба дигар ноҳия ба кор рафтанаш Сайдаҳмад Ҳусайнов аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ озод карда шуда,  раиси навтаъсиси муассиса Қурбон Ҳукматуллоев раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозӣ интихоб” карда шуд.

Паём дастури раҳнамо ба зиндагии пурсаодат

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда мулоқоти навбатии кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази алоқаи Почта»  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ вакилони ҳизб ба мактабҳо китоб туҳфа мекунанд

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», тибқи  ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон  оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи маориф”-и ноҳия вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

Паём дастури созанда буда, татбиқи босамари он ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин мекунад

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Кушониён    оид ба расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, дар ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологиӣ” - и ноҳия бо аъзои ҳизб вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ вазифаи ҳар яки мост!

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ  бо  мақсади тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣӣ “МТБО” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

ҲХДТ тарғибгари тарзи ҳаёти солим

А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабинҳои тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сино» бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Сокинони маҳал ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ даъват карда шуданд

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо сокинони кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ  оид ба баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи онҳо тақозои замон аст

ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Мардум дар роҳи созандаи ҲХДТ қадам мениҳанд

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “КУМО” оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Хал

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон