БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ вакилони ҳизб ба мактабҳо китоб туҳфа мекунанд

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», тибқи  ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон  оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи маориф”-и ноҳия вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ  масъулин  доир ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ  намуданд.

Дар  вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Сатторов Шамсулло иштирок дошта, вобаста  ба  татбиқи қисмати  амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1   15- дона китоби бадеиро  тақдим намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg