БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум дар роҳи созандаи ҲХДТ қадам мениҳанд

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “КУМО” оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ва татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.                                      

Мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Асоев Хизирдин, бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизби вохӯрда, дар бораи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ кард. Иштирокдоронро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат дар рушду нумуи кишвар дар ростои солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷамъомадагон дар доираи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба нарм кардани бехи дарахтон, шинонидани ниҳолони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда, инчунин тоза намудани ӌӯйборҳо аз партовҳо саҳм гузоштанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg