Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад. Дар ҳар ҷомеа, бахусус дар давраҳои буҳронӣ ва гузариш ниёзи шадид ба роҳбаре эҳсос мегардад, ки масъулияти наҷоти давлат, истиқлолу озодии мардум, таъмини сулҳу субот ва мувозинати қувваҳои дар ҷамъият мавҷуда, инчунин таҳкими пояҳои истиқлолияти сиёсиро тавонад бо иродаи қавӣ, шикастнопазир ва дарку ҳимояи танҳо манфиатҳои миллӣ бар зиммаи худ бигирад.



























