БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии Ватан аз ободии маҳал маншаъ мегирад

А.ҶОМӢ. Бо ташаббусти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Айнӣ»-и кўчаи ба номи Садриддин Айнии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.

Мубориза зидди ифротгароии динӣ хеле муҳим аст!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва  ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Ҳадафи чоруми миллии мо саноаткунонии босуръати кишвар аст!

АНДЕША. Дар Паёми худ  Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда,  оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика,  роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон,

Паём амаликунандаи розу ниёзи мардум

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Чагами миёна тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Нашри махсуси ”Ҳамрози халқ” ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинони маҳал дастрас шуд

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти Пахтаобод хониши сиёсӣ бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Ачилдиев Турдимурод, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Замонов Азиз ва раиси деҳаи Навбунёд Ниёзов Хусанхон бо сокинону фаъолони деҳа баргузор гардид.

Ҷараёни корҳои ободонӣ дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”

А.ҶОМӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар Кумитаи  ибтидоии ҳизбии  «Маорифчиён»  баргузор гардида, дар он ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва бевосита таваҷҷуҳ нисбати насли наврас зоҳир карда мешавад, мавриди баррасӣ қарор  дода шуданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарғибгари ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат аст!

ҶАЙҲУН.Дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷиксодиротбонк»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ишироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ худро масъул мешуморем

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозӣ”  пеш аз гузаронидани хониши сиёсӣ масъалаи ташкилӣ дида баромада шуд. Бо сабаби ба дигар ноҳия ба кор рафтанаш Сайдаҳмад Ҳусайнов аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ озод карда шуда,  раиси навтаъсиси муассиса Қурбон Ҳукматуллоев раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозӣ интихоб” карда шуд.

Паём дастури раҳнамо ба зиндагии пурсаодат

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда мулоқоти навбатии кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази алоқаи Почта»  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар доираи Аксияи ҳизбӣ вакилони ҳизб ба мактабҳо китоб туҳфа мекунанд

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», тибқи  ҷадвали тасдиқгардидаи  баргузории вохӯрию мулоқотҳо, ҳамзамон  оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи маориф”-и ноҳия вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg