Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Чагами миёна тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.
Вохӯриро Қурбонзода Шифо сармуҳаррири нашрияи ҳибии «Овози халқ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, доир ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуд.
Баъдан Ҳошимов Абдураҳим мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пекшвои миллат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда, иштирокдоронро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда рахнамоӣ намуд.